Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ «Рахшона»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манзуралӣ Маҳмадҷонов сохта шудааст.
Корҳои таҷдиду барқарорсозии ин ду иншоот моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби Ширкати сохтмонии “Рахшона” бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шуд.
Масоҳати умумии корхона 86 ҳазору 808 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дар фабрика парвариши мурғи бройлерӣ барои гӯшт ба роҳ монда шудааст. Шароити нигоҳубини паранда ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ва бехатарии озӯқа ҷавобгӯ мебошад.
Барои навсозӣ ва таҷҳизонидани фабрика бо дастгоҳҳои муосири соҳа 1 миллиону 853 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳҳои зарурии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст.
Усули парвариши паранда дар корхонаи мазкур, аз ҷумла таъмин бо обу ғизо дар вақти муайянгардида таҷрибаи замонавӣ мебошад, ки аз чанд лиҳоз манфиатовар аст. Аз ҷумла, дар сарфаи вақт, кам талаф ёфтани ғизои паранда ва бехатарии он таъсири мусбат мерасонад.
Ба роҳ мондани чунин тарзи корбарӣ бо истифода аз дастгоҳҳои муосир корро осон намуда, ғизонокии маҳсулотро баланд мебардорад.
То имрӯз дар корхона зиёда аз 40 ҳазор паранда нигоҳубин шуда, барои гӯшт марҳила ба марҳила ба ширкати “Далерон” интиқол дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷиҳати истифодаи самараноки шароити корхона ва барои дар оянда идома додани чунин иқдомҳои созанда дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар корхонаи мазкур чорвои калони ширӣ нигоҳубин шуда, ҳамарӯза наздики 200 литр шир аз он ба корхонаҳои коркарди ҷамъият равон карда мешавад.
Чорвое, ки дар ин ферма нигоҳубин карда мешавад, навъи зоти алои тоҷикӣ буда, модагови он то 450 кг вазн дорад.
Дар корхонаи мазкур барои дуруст нигоҳубин намудани чорво шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур зиёда аз 20 нафар сокинону мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ҳамарӯза бо истифода аз маҳсулоти корхонаи мазкур қаймоқ, ҷурғот, равғани зард ва қурут истеҳсол карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ва суҳбат бо масъулин иброз доштанд, ки бо зиёд шудани талаботи сокинон ба маҳсулоти гӯштӣ бунёди чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад ва ин омил дар устувории иқтисодиёти миллӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ ва дастрасӣ ба он таъсири мусбӣ мерасонад.
Ҳамин аст, ки ба хотири рушди соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар кишвар тадбирҳои муҳим амалӣ шуда, соҳибкороне, ки ба рушди соҳа таваҷҷуҳ доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Дар оянда ҷамъият нақша дорад, дар ҳудуди корхона боз биноҳои нав барои корхонаи парандапарварӣ бунёд ва истеҳсоли гӯшти парандаро афзун намуда, дар таъмини сокинон бо кори доимӣ саҳмгузор бошад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






