Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода бо Вазири федеролии мудофиаи Покистон Хавоҷа Муҳаммад Осиф баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистон ва Покистон, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ, авиатсияи гражданӣ, амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои хоси мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки Покистон талошҳои Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа самарабахш арзёбӣ менамояд.
Зимни суҳбат инчунин муҳимияти татбиқи лоиҳаи энергетикии «CASA-1000» барои кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






