Президенти Бонки Исломии Рушд бо мукофоти давлатӣ — ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Бонки Исломии Рушд (БИР) доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо мукофоти давлатӣ — ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд. Дан ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд
Мукофоти давлатиро Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода тавассути видеоконфронс ба Президенти Бонки Исломии Рушд расонид.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки сарфароз гардонидани Президенти Бонки Исломии Рушд бо мукофоти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели собит намудани нақши арзандаи бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди стратегии Тоҷикистон мебошад.
Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонӣ бо мукофоти давлатӣ, инчунин дар оянда афзоиш додани маблағгузории бонк барои рушди соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои сармоягузории муҳимро ба маблағи умумии 916 миллион доллар татбиқ намудааст.
Аз ҷумла, ҳоло аз ҷониби ин бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






