Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ба истифода доданд

Сентябрь 5, 2024 17:43

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна, 15 ҳуҷраи корӣ, китобхона, нуқтаи равзанаи ягона ва ҳуҷраҳои санитарии дихилию берунӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида шуда, дар он барои кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё гардидааст.

Равзанаи ягона барои қабули шаҳрвандон китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ барои кормандон ва ҳуҷраҳои санитарӣ бо насби таҷҳизоти муосир дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.

Роҳи мошингард аз шоҳроҳи асосӣ то бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба дарозии 104 метр мумфарш гардидааст.

Дохили бино бо насби овезаҳои муқаддасоти миллӣ ва дигар навиштаҷоти соҳавӣ ва атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ зебу зиннат дода шудааст.

Корҳои сохтмонии бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 ба итмом расидааст. Дар сохтмони иншоот масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардида, талаботи меъёрҳои стандартӣ тибқи лоиҳаи муқараргардида риоя шудааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо бинои нави маъмурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу намо, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.

Бунёд гардидани чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастрасӣ пайдо намудани кормандони соҳа ба лавозимоти зарурӣ сатҳи хизматрасониро дигар намуда, дар пешбурди таъиноти нафақаи суғуртаи иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Аснои шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони соҳаро масъулияти баланд дар иҷрои кору хизматрасонӣ, садоқати меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини шаффофияти корбарӣ, такмили маҳорати касбӣ ва ба муносибату муоширати хуби корӣ бо мардум ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг 05.09.2024

Сентябрь 5, 2024 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»