Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо ҳадафи боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон бунёд шудаанд, дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — роҳбари ширкати ватании “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар иншооти тозабунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ифтитоҳи маркази нави савдо ва хизматрасонии “Амид” ба таъсиси 40 ҷойи кории нав замина фароҳам овард. Аз шумораи умумии сокинони бо кор таъминшуда 30 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Тарҳи иншоот замонавӣ буда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, коргоҳи пухтани хӯрокҳои миллӣ, нонвойхонаи миллӣ ва аврупоӣ, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, қаҳвахона, нуқтаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва дорухона мавҷуд мебошад.
Бунёди иншооти нав имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд боз ҳам беҳтар гардад. Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик корро дар ду баст ба роҳ монад ва 20 нафари дигарро бо кор таъмин намояд.
Молу маҳсулоте, ки дар маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” ба фурӯш гузошта мешавад, аксаран истеҳсоли ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошанд.
Бунёди анборҳои махсус тарзи дуруст ва дар шароити хуб нигоҳдории маҳсулотро таъмин намуда, имкони дар ҳама вақт дастрасӣ доштани сокинон ба маҳсулоти тозаву баландсифатро фароҳам меорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолият ва имкониятҳои маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” иқдоми соҳибкорро дар самти фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва рушди соҳа шоистаи таҳсин гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳаштумин маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар маҷмуъ дар 8 маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” наздики 300 нафар бо шуғл таъмин шуда, аз ин 150 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






