Президенти Тоҷикистон: «Соли 2024 кишоварзони Сангвор ба маблағи 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд»

Сентябрь 11, 2024 14:34

ДУШАНБЕ, 11.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2024 кишоварзони ноҳияи Сангвор ба маблағи 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 7 фоиз зиёд мебошад. Чунин баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 майдони кишти зироат дар умум 4,2 фоиз, аз ҷумла ғалладонагиҳо 32 ва сабзавот 21 фоиз кам шудааст, ки андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

«Роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаро зарур аст, ки дар самти истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯйӣ намоянд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Барои баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкории мардум, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва афзоиши пешниҳоди хизматрасониҳо зарур аст, ки дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ бештар таъмин шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2024 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид