Сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»: «Дар атрофи сиёсати хирадмандона ва мардумсолории Президенти Тоҷикистон муттаҳид бошем!»
ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд: «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад». Воқеан, Истиқлолияти Тоҷикистон неъмати ҳаётбахш аст, ки орзуҳои чандинасраи мардуми сарбаланди тоҷикро ҷомаи амал пӯшонид. Ин матлабро сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода дар мақолааш бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудааст. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур оварда мешавад:
— Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сарнавишти ояндаашро худаш муайян кунад, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш барад, забон ва фарҳанги миллии худро рушд диҳад, барои рушди бонизоми иқтисодӣ замина фароҳам оварад.
Агар Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мушкилиҳои зиёди молиявию иқтисодӣ дошта бошад, имрӯз мамлакат ба қатори давлатҳое ворид мешавад, ки иқтисоди онҳо бо суръат рушд мекунад.
Самараи чунин пешравиҳо аст, ки мо дар мамлакат ҳадафҳои стратегии худро пеш мебарем. Яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ниҳоят, саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ.
Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷумҳурии моро на танҳо ба давлати ташаббускор табдил дод, балки мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб афзун гардонид. Инро на танҳо олимону коршиносони масоили байналмилалӣ, балки роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ эътироф менамоянд.
Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон иброз намуд:
«Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста дорад. Мо ҳаргиз он иқтидор, неру ва фаъолияти бевоситаи Тоҷикистонро ҷиҳати дар тамоми дунё баррасӣ намудани масъалаи об фаромӯш намекунем».
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар барқияи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд:
«Хизмати содиқонаи Шумо ба Ватан, сиёсати дурбинона ва созанда дар маснади Сарвари давлат барҳақ боиси эҳтироми сидқии мардум нисбат ба Шумо, ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани мақоми Шумо ба ҳайси Пешвои миллӣ гардид.
Итминон дорам, ки бо татбиқи муваффақонаи ташаббусҳо ва ислоҳоти муҳими Шумо минбаъд низ кафолати рушди устувори Тоҷикистон, таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва боз ҳам боло рафтани шаъну эътибори Душанбе дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ хоҳанд монд».
Воқеан ҳам дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.
Боз ҳам Пешвои миллат бо хиради азалии худ такя ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон мекунанд ва мегӯянд:
«Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!
Халқи бузургвору қаҳрамони ман!
Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар фарди ту сари таъзим фуруд меорам!».
Пас, мо бояд аз ҳарвақта бештар дар атрофи сиёсати хирадмандона ва мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро барои пойдории сулҳу субот ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми сарбаланди мамлакат аз сидқи дил иҷро намоем.
АКС аз муаллиф








Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд






