Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Сентябрь 29, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид,  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба фаъолияти муассири Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати бунёди низоми боэътимоди нақлиётию коммуникатсионӣ, соддагардонии расмиёти соҳаи тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатию табиӣ, ташкили низоми ягонаи энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ дар таркиби созмон манфиатдор мебошад.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ доир ба рушди саноати Тоҷикистон, имкониятҳои энергияи барқароршаванда, пешсафии мамлакат дар мусоидат ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим сухан гуфта, зарурати талошҳои дастаҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти муосир, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодиро  махсусан таъкид кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд