«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид

Сентябрь 19, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Уфаи  Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Анҷумани 17-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлат Солиҳзода бо Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» қадрдонӣ гардид.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Анҷумани 17-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз 200 намояндаи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни он оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи гуманитарӣ сухан гуфт.

Ҳамчунин дар ин рӯз Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷараёни форум маросими супоридани Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» баргузор шуд. Профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлат Солиҳзода бо Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» дар номинатсияи «Барои саҳмгузорӣ дар рушди илм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф дар соли 2023» сарфароз гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои олимони соҳаҳои гуногун муайян шудааст. Ҷоиза аз ҷониби Шурои ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2009 таъсис ёфтааст. Он ҳамасола ба намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муваффақияти назаррас дар соҳаҳои мухталиф, ки ба сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст ва дар рушди ҳар давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим саҳм гузоштааст, дода мешавад.

Давоми солҳои мавҷудияти ин ҷоиза зиёда аз 100 нафар олимон ва санъаткорони мамлакатҳои иттиҳод сазовори он гардиданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид