СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Васиятномаро кӣ ва чӣ гуна метавонад таҳия намояд?
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Васиятнома амалиёте мебошад, ки аз ҷониби нотариусони давлатӣ ба ҷо оварда шуда, шахси меросгузор дар он пеш аз вафоташ тақдири молу мулки худро муайян менамояд. Яъне, он супориши меросгузор аст, ки дар бораи пас аз вафоташ ба кӣ, ба кадом шахсон ва ба кадом миқдор гузаштани амвол ё дигар чизҳо муайян карда мешавад.
Ба андешаи нотариуси калони давлатии Идораи нотариалии давлатии шаҳри Истаравшан Мусоҷон Азамзода, Васиятнома мувофиқи талаби қонун бояд ҳатман дар шакли хаттӣ навишта шавад. «Чунин ҳуҷҷат аз тарафи шахсе гузошта мешавад, ки қобилияти амалкунии пурраро дорад. Васиятномаро бояд ҳар шахс худаш гузорад ва шахси меросгузор то вақти вафот ҳуқуқ дорад, ки васиятномаи гузоштаи худро бекор кунад ё мазмуни онро тағйир диҳад»,-иброз дошт ӯ.
Истилоҳи маъноии вожаи «васият» дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ба мазмуни зайл оварда шудааст: «Васият супориши пеш аз марг ё васиқаи шахс ба ворисонаш, хоҳиш ё дархосте, ки шахс қабл аз фавт изҳор менамояд». Агар ба замонҳои қадим рӯ орем, маълум мегардад, ки авлоду аҷдоди мо пеш аз вафот доир ба ин ё он масъалае, ки эҳтимоли пайдо шудани баҳс дар он мавҷуд буд, васият менамуданд. Бинобар ин, васиятнома мафҳуми нав набуда, барои мардуми мо то андозае хусусияти ахлоқӣ дорад. Агар шахс доир ба масъалае васият кунад, он бояд аз ҷониби ворисон бечунучаро иҷро карда шавад. Имрӯз васият намудан ҳамчун ҳуқуқи фитрии шахс дар доираи қонунҳои амалкунанда ба танзим дароварда мешавад. Маҳз ин омил аст, ки ба ҳар шахс имкон фароҳам оварда шудааст, ки васиятномаашро дар идораҳои нотариалӣ тасдиқ намояд.
Мусоҷон Азамзода муҳимияти дигари масоили васиятномаро дар мавҷудияти қонунгузорӣ дар ин самт медонад. «Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама масъалаҳои ба васиятнома ва тартиби бақайдгирии он рабтдоштаро Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 70, моддаҳои 1260-1272), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии Идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, ба танзим медароранд»,-иттлоъ дод ӯ.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 1260 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, васиятнома изҳори иродаи шахси воқеӣ оид ба ихтиёрдории молу мулки ба ӯ тааллуқдошта буда, ҳангоми вафот кардан эътироф мешавад, ки ба таври дахлдор ба расмият дароварда шудааст. Ихтиёрдории молу мулк дар ҳолати вафот танҳо тавассути васиятнома мумкин аст. Васиятнома ҳуқуқу уҳдадориҳоро танҳо пас аз кушодашавии мерос ба вуҷуд меорад.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз медорад, васиятнома танҳо аз ҷониби шахсе анҷом дода мешавад, ки дар вақти амалӣ намудани он қобилияти пурраи амалро доро мебошад. Ин, яъне Васиятнома, бояд бо иштироки шоҳид дар шакли хаттӣ таҳия ва тартиб дода шуда, анҷом дода шавад. «Васиятнома бояд бо дасти худи васияткунанда ва шоҳиди интихобнамудаи ӯ имзо карда шавад, агар васиятнома дар шакли хаттӣ тартиб дода нашавад ва дар вақти анҷом додани он шоҳид иштирок нанамояд, ин гуна васиятнома беэътибор ҳисобида мешавад (моддаи 1266 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Барои боварӣ ҳосил кардан ба қобили амал будани шахси васияткунанда, қонунгузорӣ тафтиш кардани васиятномаро аз ҷониби нотариуси давлатӣ муайян намудааст»,-мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки дар Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки агар васияткунанда камбудиҳои ҷисмонӣ ва беморӣ дошта бошад ва ё аз бесаводӣ васиятномаро бо дасти худ имзо карда натавонад, пас он бо хоҳиши ӯ мумкин аст аз тарафи шаҳрванди дигар дар ҳузури нотариус бо дар матни васиятнома нишон додани сабабҳои бо дасти худ имзо карда натавонистани васияткунанда ва нишон додани насаб, ном, номи падар ва ҷойи истиқомати шаҳрванд васиятномаро бо хоҳиши васияткунанда имзо карда, ба расмият дароварда шавад. Дар ин маврид матни васиятнома аз тарафи шоҳид дар ҳузури нотариус хонда ва дар ин бора дар матни васиятнома қайд карда мешавад (моддаи 1262 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Бояд гуфт, ки моддаи 1265 Кодекси маданӣ ба бекор кардан ва ё тағйир додани васиятнома иҷозат додааст. Ин ҳуқуқи васияткунанда аст, ки вай ҳар вақте ки хоҳад, метавонад васиятномаро бекор кунад ё тағйир диҳад.
Ба андешаи Мусоҷон Азамзода, Васиятнома бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси пурра бекор кардан ва ё ҳангоми тартиби васиятномаи нав бекор карда мешавад. «Васиятнома ҳамчунин бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси ворид намудани тағйирот ба қисми муайяни васиятномаи пештар тартибдодашуда ва ё ҳангоми тартиб додани васиятномаи нав, ки ба як қисми васиятномаи пештара тағйирот ворид менамояд, тағйир дода мешавад»,-афзуд ӯ.
Мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, васиятнома махфӣ буда, нотариус, шахси дигаре, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, тарҷумон, иҷрокунандаи васиятнома, шоҳидон, инчунин шахси воқеӣ, ки васиятномаро ба ҷойи васиятгузор имзо намудааст, то кушодашавии мерос ҳуқуқ надоранд маълумот вобаста ба мазмуни васиятнома, анҷомдиҳӣ, бекоркунӣ ва тағйирдиҳии онро ошкор намоянд.
Ҳамчунин васиятгузор уҳдадор нест, ки оид ба мазмуни васиятнома, анҷомдиҳӣ, бекоркунӣ ва тағйирдиҳии он ба ягон шахс маълумот диҳад.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар сурати халалдор шудани махфияти васиятгузорӣ васиятгузор метавонад аз тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои маданӣ, аз ҷумла товони зарари маънавӣ истифода намояд. (моддаи 1261 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз