ТАНҲО НАСЛИ ДОНИШМЕҲВАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН МЕСОЗАД! Андешаҳои директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино

Сентябрь 1, 2024 17:27

ДУШАНБЕ, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Дониш, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябр таҷлил мегардад, дар тақвими таълимӣ ва иҷтимоии мамлакат рӯзи муҳим ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Ин рӯз оғози соли нави таҳсил мебошад ва бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ва руҳбаландкунанда ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён бо эҳсоси хос ба фазои муқаддаси таълимгоҳ бармегарданд, то дар ҷаҳони дониш саҳифаи нав боз кунанд.

Нуктаи хос дар ҳар Рӯзи дониш ин аст, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола шумораи зиёди муассисаҳои таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз мекунанд. Гузашта аз ин, Пешвои миллати мо шахсан дар ифтитоҳи ин ё он муассисаи таълимӣ иштирок карда, ба донишомӯзон дарси сулҳ меомӯзанд. Чунин иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат, бешак, дар дили ҳазорон нафар таълимгирандагон барои омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои муосир шуълаи умед бедор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Дарси сулҳ ба муносибати Рӯзи дониш иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «агар имсол 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда бошанд, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ мо дар баробари бунёди муассисаҳои нави таълимӣ беш аз 1000 мактаби мавҷударо навсозӣ кардем, мактабҳои боқимондаро таъмиру тармим карда, дар онҳо тамоми шароити зарурии замонавиро муҳайё сохтем ва ҳоло ин раванд идома дорад».

Воқеан, дониш сарвати бебаҳо ва асосии саодати инсон мебошад, ки дар рушди шахсият ва ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Аз давраҳои қадим дониш ҳамчун чароғи равшанкунандаи роҳи инсонӣ, калиди фатҳи ҳамаи қуллаҳо ва сарчашмаи асосии пешрафт шинохта шудааст. Бе дониш инсон наметавонад ҳадафҳои баландро дар ҳаёт амалӣ созад. Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ ба муносибати оғози соли хониши 2023 чунин таъкид намуда буданд: «Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад».

Дар фарҳанги миллии мо, тоҷикон дониш ҳамеша мавқеи хосса доштааст. Аз замонҳои қадим ин сарзамини таърихӣ олимони бузург парвариш намудааст, ки бо дастовардҳои илмии худ дар тамоми ҷаҳон шуҳрат пайдо кардаанд. Имрӯз ҳам Тоҷикистон ин анъанаро идома медиҳад ва бо рушди низоми таълимӣ қадам ба сӯи ҷомеаи донишмеҳвар мениҳад.

Рӯзи Дониш на танҳо оғози соли таҳсил аст, балки ин рӯз рамзи таълим ва омӯзиш мебошад. Он насли ҷавонро ба қадршиносӣ аз арзишҳои илмӣ ва таълимӣ ҳидоят мекунад. Ин рӯз ба аҳамияти омӯзиш ва дониш дар рушди шахсият ва ҷомеа ишора мекунад ва ҳама- аз кӯдакони синфҳои поёнӣ то донишҷӯёни мактабҳои олӣ дарк мекунанд, ки дониш калиди муваффақият ва пешрафт аст.

Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дар ин рӯз ҷамъомадҳои тантанавӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд. Сухангӯии роҳбарони мактабҳо, устодон ва шахсони маъруф ба хонандагон ва донишҷӯён руҳи баланд мебахшанд ва онҳоро ба омӯзишу таҳқиқоти бештар ҳавасманд мекунанд. Инчунин дар рӯзи аввали соли хониш Дарси сулҳ баргузор мешавад, ки хонандагонро бо аҳамияти дониш, зарурати ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, нақши мактаб ва донишгоҳ дар рушди ҷомеа шинос мекунад.

Рӯзи Дониш на танҳо ба рушди шахсии ҳар хонанда ё донишҷӯ мусоидат мекунад, балки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва фарҳанги миллӣ низ аҳамияти бузург дорад. Дар ин рӯз насли наврас ва ҷавон дарк мекунанд, ки онҳо на танҳо масъулияти шахсӣ, балки масъулияти ҷамъиятӣ доранд. Зеро андӯхтани дониш танҳо дастоварди инфиродӣ набуда, балки он сармоягузорӣ барои ояндаи неки ҷомеа ва давлат мебошад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун рӯбарӯ аст, дониш ва маърифат ягона воситаи ҳифзи Истиқлол ва рушди устувори мамлакат мебошад. Ҷавонони Тоҷикистон, ки ояндаи давлатро дар даст доранд, бояд дарк кунанд, ки омӯзиш ва таҳсил масъулияти онҳое аст, ки метавонанд бо дониши худ дар таҳкими суботи миллӣ, рушди иқтисод ва пешрафти фарҳангӣ саҳми арзанда гузоранд.

Рӯзи Дониш на танҳо ҷашни оғози соли нави таҳсил, балки ҷашни маърифат, илм ва ҳикмат аст. Ин рӯз ба ҳама хотиррасон мекунад, ки дониш сарчашмаи нури ҳаёт ва калиди ҳама гуна муваффақият аст. Омӯзгорон, волидон ва дар умум ҷомеа бояд барои рушди насли донишпарвар ва ҳушманд талош варзанд. Танҳо бо дониш ва маърифат мо метавонем на танҳо ба зиндагии беҳтар, балки ба ояндаи равшан барои Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон бирасем.

Зулфия СОЛЕҲОВА,
директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 1, 2024 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анҷир хавфи касалии дилро кам карда, дарди санги гурдаро рафъ менамояд
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН.Об неъмати бебаҳо ва наҷотбахши аҳли башар аст
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмини об дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши назаррас доранд
Бар зидди бемориҳои замбурӯғӣ ва вирусии дарахтони мевадиҳанда кадом тадбирҳоро бояд андешид?
Даҳсолаҳои охир пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошта, дар маҷмуъ 30 фоиз таназзул ёфтаанд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Инсон дар як шабонарӯз бояд то 400 грамм меваю сабзавот истеъмол намояд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОФТОБ. Дар оянда энергияи офтобӣ ба табадуллоти оммавӣ расида, тамоми ҷузъиёти инсониро фаро мегирад
Арзёбии чангу ғубор ва таъсири манфии он ба вазъи беҳдоштӣ ва экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
БЛОГЕРОНИ ТОҶИК НИЁЗ БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДОРАНД! Ва ё насли наврас аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё рафтору гуфтори блогерон чӣ меомӯзад?