Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти баргузории конфронсҳо баррасӣ гардид

Сентябрь 14, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Кумитаи доимамалкунандаи танзими конфронсҳои ин кишвар Муборак Аҷлан Муборак Ал-Куворӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар мулоқот доир ба тавсеаи ҳамкории самарабахш дар самти баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва  ташкили чорабиниҳои муштараки байниҳукуматӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба омода намудани сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд, танзими нишастҳои муштарак ва дигар абзорҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд