«ТОҶИ ШАРАФУ НИШОНИ МО, ИСТИҚЛОЛ!». Бахшида ба ин ҷашни фархунда дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд

Сентябрь 5, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои пурмуҳтавои консертӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар барномаҳои омоданамудаи санъаткорон беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ замзама мегарданд.

Инчунин дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва кӯчаву марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шиору овезаҳо бо навиштаҷоту шеърҳо дар васфи Ватан ва Истиқлолият насб мегарданд. Ҳамзамон гузаргоҳҳо ва мавзеъҳои беҳтарини пойтахт бо Парчами давлатӣ оро дода шудаанд, ки  шаҳри Душанберо боз ҳам зебою диққатҷалбкунанда менамоянд.

Омодагӣ ба ифтихори ин санаи бузурги таърихӣ бо фарогирии тамоми гурӯҳҳои ҷомеа, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо тарғиби арзишҳои истиқлолият, намоиши васеи дастовардҳои даврони  соҳибистиқлолӣ аз ободонии ҳар хонадон, ороставу зебо намудани кӯчаву хиёбон, деҳа, ноҳия ва шаҳр оғоз мегардад.

Ҳамчунин баргузории роҳпаймоӣ, ҳамоиш, конфронс, суҳбату вохӯриҳо, маҳфилҳо ва барномаҳои бадеӣ-фарҳангӣ дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг», «Истиқлолият», «Тоҷи шарафу нишони мо, Истиқлол» ва дигар мавзуъҳо баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохт. Ин рӯз барои тоҷикон таърихӣ ва фаромӯшнопазир мебошад. Аз ин рӯ ҳамасола ин рӯз ва ин ҷашни муқаддас дар саросари мамлакат бо руҳияи баланди идонаи фарогири эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва  ҳувиятсозӣ ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст