Тоҷикистон ва Малайзия танзими сафарҳои расмии сатҳи олиро баррасӣ намуданд

Сентябрь 20, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир ва вазири рушди деҳот ва минтақаҳои Малайзия Дато Сери Доктор Аҳмад Захид Ҳамидӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ байни ду давлат баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо доир ба имконияти танзими сафарҳои расмии сатҳи олӣ барои таҳкими минбаъдаи равобити дипломатӣ ва густариши ҳамкории судманд байни ду давлат табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд