«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН». Ин асари таърихии Пешвои миллат бо забони кореягӣ рӯнамоӣ гардид

Сентябрь 9, 2024 13:43

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии асари таърихии Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки бо забони кореягӣ тарҷума шудааст, баргузор шуд.

Асари Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» аз ҷониби Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2024 дар шаҳри Сеул ба нашр расид.

Ҳадаф аз нашри тарҷумаи асари безаволи Пешвои миллат шинохти таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик ба ҷомеаи Ҷумҳурии Корея арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки таҷрибаи таърихии аксар давлату халқиятҳо собит намудааст, ки бе дарназардошти арзишҳои волои гузаштаи хеш ва истифодаи он наметавон дар ин роҳ муваффақ шуд. Аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон ба таърихи гузаштаи сарзамини хеш рӯ овардан, далел бар он аст, ки миллати тоҷик таърихи хеле волову бузурге дошт ва барои тамаддунҳои мухталиф хидматҳои шоёне кардааст.


Тазаккур дода шуд, ки осори таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамолӣ Раҳмон аҳамияти бузурги илмӣ дошта, дар он масоили муҳими таърихи халқи тоҷик ба таври мушаххас дар асоси таҳлили сарчашмаҳои муътамади таърихӣ инъикос ёфтааст.

Аз ҷумла, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар баробари асари тоҷикони академик Бобоҷон Ғафуров яке аз асарҳои пурарзише мебошад, ки дар он марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи ниёгон инъикос гардидааст. Имрӯз ин асари безаволи Пешвои миллат дар сарорсари чаҳон ҳамовозӣ пайдо карда, дар баробари аҳамияти таърихӣ, хештаншиносӣ, тарбияи инсони комил, роҳнамои ҷавонону наврасон ба гузаштаи ниёгон, инчунин аҳамияти бузурги дипломатиро низ касб намудааст.

Тарҷума ва таълифи шоҳасари безаволи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забонҳои хориҷӣ ин далели он аст, ки ҷаҳониён аз таъриху тамадун ва давлатдории тоҷикон дар фарози таърих ошноӣ пайдо мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 9, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад