ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ РАШТ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия аз 2,3 ба 74,6 миллион сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рашт аз 2,3 миллион сомонии соли 2004 ба 74,6 миллион сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, ки суръати рушди он бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан нисбат ба соли 2004 32,4 баробар зиёд шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Солҳои охир вазъи соҳаи саноат дар ноҳияи Рашт тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш чанд маротиба зиёд таъмин шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ноҳия саноати истихроҷи ангишт низ муваффақона рушд ёфта, истеҳсоли он соли 2023 зиёда аз 65,4 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ҳамзамон дар ноҳия маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили хишти сохтмонӣ, оҳану бетони васлшаванда ва маҳсулот аз пластикаи филизӣ истеҳсол мешавад. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Рашт 21,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба 31 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 3,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ба 13 номгӯй расонида шуд.
Дар ноҳия барои таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ корхонаи дӯзандагӣ фаъолият мекунад. Дар моҳҳои январ — июни имсол дар ноҳия ба маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 6500 дона либоси мактабӣ истеҳсол шуд. Ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аз рӯйи маблағ 3,1 фоиз ва аз рӯйи ҳаҷм 0,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар самти сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ ва сохтмон бо шарофати таҷлили пурифтихори ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт сохтмон ва навсозии 307 иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, маишию фарҳангӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2024 131 иншоот ё 42,7 фоиз сохта, ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ ба иқтисодиёти ноҳияи Рашт давоми 33 соли Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 831,4 миллион сомонӣ ҷалб гардид.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд, ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар ноҳияи Рашт 49,8 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2,6 баробар зиёд мебошад.
Дар самти корҳои сохтмонӣ бояд гуфт, ки дар ин давра дар масоҳати 9,1 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






