«ЗИ ДУРИИ ЗАМОНАҲО РАСИДАЕМ…». Имрӯз аз қабули Суруди миллии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад

Сентябрь 7, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари истиқлоли давлат, иттиҳоди вайроннашавандаи мардуми тоҷик ва дӯстиву бародарии намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошанд. Рамзҳои давлатӣ- ин эҳтиром ва шинохти давлати тоҷикон аз ҷониби халқу миллатҳои дигар аст. Яке аз рамзҳои давлатии миллати тоҷик Суруди миллӣ мебошад, ки 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Имсол ба қабули ин рамзи давлатӣ 30 сол пур мешавад.

Истифодаи рамзҳои давлатӣ – барафрохтану гузоштани Парчами давлатию Нишони давлатӣ ва сурудани Суруди миллӣ қоидаҳои худро доранд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» онро муқаррар кардааст. Риоя накардани ин қоидаҳо беҳурматӣ ва таҳқири муқаддасоти миллӣ буда, ба гунаҳкорон мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷазо дода мешавад.

Омӯхтани рамзҳои давлатӣ барои насли ояндасози мамлакат зарур аст. Зеро худшиносии миллии мо аз донистану эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ оғоз меёбад.

Дар моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бедордили миллат ва ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии Тоҷикистонро донад ва бо он ифтихор намояд.

Оҳанги Суруди миллиро соли 1964 бастакори машҳур Сулаймон Юдаков бар матни шоири маҳбуби халқи тоҷик, устод Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро эътироф карданд. Дар Суруди миллӣ орзуву умед, мақсаду маром ва дархостҳои халқ садо медиҳанд.

Мисраъҳои зебои «Зи дурии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем» ҳаммаъно бо ранги сурхи Парчами давлатӣ мебошанд. Зеро устод Гулназар Келдӣ дар ин мисраъҳо муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои муҳофизати маданият, фарҳангу адабиёт, забону анъанаҳои миллӣ ва ҷоннисорию қаҳрамониҳои халқ тасвир намудааст.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, дар мавридҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» иҷро карда мешавад.

Мавридҳои иҷро намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ба таври зерин дарҷ шудаанд:

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад:

— баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шуруи вазифа;

— дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудааст;

— ҳамарӯза ҳангоми оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ;

— ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷашнҳо ва чорабиниҳои дигар, ки мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон мувофиқи иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ созмон медиҳанд;

— ҳангоми маросими расмии пардабардорӣ аз рўи ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, лавҳаҳои хотира ва дигар иншооти мансуб ба муҳимтарин воқеаҳои таърихии ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ, ба шарафи қаҳрамонони Тоҷикистон, арбобони сиёсӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, ходимони илм, адабиёт ва фарҳанг;

— ҳангоми сарфароз гардонидани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхона, муассиса ва ташкилот бо мукофотҳои давлатӣ;

— ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд, баъди иҷрои Суруди миллии давлати онҳо;

— ҳангоми баргузории маросими ҳарбӣ;

— ҳангоми тантанаҳои умумӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҳангоми баргузории мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ мувофиқи қоидаҳои гузаронидани ин мусобиқаҳо;

— ҳангоми баргузории маросими расмӣ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти расмии давлати дахлдор.

Суруди миллии Тоҷикистон имсол 30-сола шуд. 30 соли пур аз фараҳу нишот, дастовардҳои гаронарзиш, ободию шукуфоӣ ва муаррифии давлати фарҳангпарвару миллати фарҳангсолори тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ки маҳз таҳти навои дилнавозу тантанавори Суруди миллӣ падид омадаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 7, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон