4 ОКТЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот дохил карда шудаанд

Октябрь 4, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг буда, ба Китоби сурхи Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурӯҳи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудаанд. Гӯсфанди Марко Поло, Бабри барфӣ, Бузи пармашох (морхӯр) аз ҳамин ҷумла мебошанд.

4 октябр дар тақвим чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот дарҷ гардидааст. Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот дар Конгресси байналмилалии ҷонибдорони табиат, ки соли 1931 дар Флоренсияи Италия доир гардид, таъсис шуда, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи башарият ба мушкилоти олами ҳайвоноти сайёра, хусусан ҳифзи онҳо ва аз вартаи нобудшавӣ эмин доштани ҳайвонот мебошад. Дар ин рӯз ҷамъиятҳои ҳифзи ҳайвонот ҳамасола чорабиниҳои оммавӣ, хайриявӣ ва маъракаҳои гуногуни тарғиботӣ мегузаронанд.

Дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» қабул карда шудааст, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии онро муқаррар менамояд. Ҳамзамон ҳифз ва барқарор намудани захираҳои олами ҳайвонотро пешбинӣ мекунад.

Дар даҳсолаҳои охир вобаста ба босуръат афзудани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист ва экосистемаҳои табиӣ проблемаи аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хосса пайдо кардаанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи мавзеъҳои обӣ–ботлоқӣ» ва «Дар бораи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии кӯчанда» ба имзо расидаанд.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта» (CITES) ҳамроҳ гардидааст. Маҳв гардидани ин ё он намуди организми зинда дар табиат раванди бебозгашт аз байн рафтани як ҷузъи генофонди гуногунии биологӣ мебошад. Зарурати ҳифзи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот ҷузъи таркибии гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар таркиби фаунаи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот маълум карда шудааст. Ноҳамвории релеф, мавҷудияти минтақаҳои гуногуни табиии дорои иқлимашон гуногун ва дар баландиҳои мухталифи амудӣ ҷойгир шудани онҳо хусусиятҳои хос ва гуногунии бою рангини олами ҳайвоноти Тоҷикистонро муайян месозанд. Ташаккулёбии фаунаи Тоҷикистон дар давраи дуру дарози таърихӣ доир шуда, мавҷудияти беш аз 800 намуди эндемикии ҳайвонот, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон вомехӯранд, аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Таҳлили таъсири омилҳои антропогенӣ ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки дар 50 соли охир дар таркиби олами ҳайвоноти Тоҷикистон тағйироти зиёд ба амал омадааст. Дар давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ 3 намуди ҳайвоноти сутунмуҳрадор–паланги туронӣ, суғури Мензбир ва моҳии белбинии сирдарёӣ пурра маҳв гардидаанд. Илова бар ин, дар даҳсолаҳои охир дар хусуси дар таркиби фаунаи Тоҷикистон боқӣ мондани 5 намуди дигари ҳайвоноти сутунмуҳрадор–леопарди наздиосиёгӣ, мири мушони даштӣ, кабӯтари синасафед, мори афъии даштӣ маълумоти эътимодбахш ва дақиқ вуҷуд надоранд. Ба нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуди нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвонот, аз ҷумла 9 намуди нармбаданҳо, 81 намуди ҳашарот, 14 намуди моҳиҳо, 31 намуди хазандагон, 43 намуди парандагон ва 44 намуди ширхӯрон дохил карда шудааст. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иловагӣ 60 намуд ва зернамуди ҳайвонот, ки солҳои охир масоҳати паҳншавӣ ва шумораашон маҳдуд гардидааст, дохил карда шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳайвоноти нодир, аз ҷумла Бабри барфӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин аст, ки дар ноҳияи Мурғоб Маркази офиятбахшӣ ва парваришгоҳи бабри барфӣ бунёд гардидааст. Ин марказ бо кумаку пуштибонии молии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, яке аз ҳадафҳои он ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодир мебошад.

Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид. Барнома дар се марҳила -солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ин ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 мамлакати дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шуда, ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст. Мавҷуд будани бабри барфӣ дар Тоҷикистон бозгӯи поктарин экосистема доштани он мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаҳои боз

 

Октябрь 4, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.