Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешида оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ муҳокима гардид.
Гуфта шуд, ки сатҳи воқеии савдо байни давлатҳо нисбат ба имконияти мавҷуда хеле паст буда, кишварҳои арабии Халиҷ метавонанд сармоягузориро ба бахши энергетикаи ҷумҳуриҳои Қавқоз ва Осиёи Марказӣ, махсусан ба лоиҳаҳои неруи барқароршаванда афзоиш диҳанд.
Дар доираи ҳамоиш иштирокдорон барои густариши робитаҳои иқтисодӣ бо ишора ба монеаҳои асосие, ки дар роҳи афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни минтақаҳо истодаанд, оид ба масоили коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ, маҳдудияти тарофавӣ ва ғайритарофавӣ, рушди инфрасохтору логистика, таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва ҷолиб намудани фазои соҳибкориву идоракунӣ табодули назар карданд.
Дар доираи барномаи ҷаласаҳои солона ҳайати Тоҷикистон инчунин дар мулоқоти вазирон ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури муовини директори идоракунандаи Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд.
Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар машварати мудирони Хазинаи байналмилалии асъор аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






