Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд

Октябрь 4, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 04.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр ҳайати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси кумита Низом Мирзозода дар ифтитоҳ ва ҷаласаи пленарӣ таҳти унвони «Сохтмони оянда»-и Форум-намоишгоҳи 11-уми байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild, ки дар маркази намоишгоҳи байналмилалии «Екатеринбург-ЭКСПО» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.

Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии сохтмонӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия се маърузаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ба нақша гирифта шудааст.

Форум-намоишгоҳи байналмилалӣ дар доираи Ҳафтаи байналмилалии сохтмонӣ доир шуда, ҳамзамон баргузории Мусобиқаи IV байналмилалии сохтмониро дар бар мегирад.

Форум дар Русия калонтарин конгресси муҳандисию сохтмонӣ оид ба технологияҳои навтарин ва шаҳришавии муосир барои таъмини рушди устувори шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодаи биною иншооти нодири таъйиноти гуногун, бехатарӣ, сохтмони «сабз», рақамикунонии соҳаи сохтмон, мавод ва технологияҳои инноватсионӣ ва муҳити шаҳрӣ мавзуъҳои асосии он мебошанд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 4, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид