Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд

Октябрь 3, 2024 16:47

ДУШАНБЕ, 03.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ифтитоҳи Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) дар шаҳри Масқати Салтанати Уммон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Конференсия то 4 октябр идома ёфта, дар он вазирони маорифи беш аз 35 давлат, ҳайати беш аз 50 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Вазири маориф ва илм дар ҳошияи конференсия бо вазири маорифи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Ризо Козимӣ вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки давлатҳои мо дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро пеш гирифтаанд. Вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ин раванди судбахш дар оянда низ идома меёбад.

Алӣ Ризо Козимӣ барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ ибрози андеша намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсили олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ҳимояи корҳои номзадӣ, табодули таҷрибаҳои донишҷӯёну устодон ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду давлатро баррасӣ карданд.

Дар назар аст, ки дар доираи Конфронси вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) дар шаҳри Масқати Салтанати Уммон вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони маорифи дигар давлатҳо ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 3, 2024 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид