Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, ки амнияти давлату миллатро пурра таъмин намояд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои қаблӣ фарқ дорад, зеро 1 октябри соли равон- дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ ва дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 5 ноҳияи минтақаи Рашт, 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва чанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳӣ мужда доданд.
Мояи фараҳ ва хушнудӣ аст, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони баору номуси ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолияту иқтидори мудофиавии он ва хизмати содиқона ба Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пайваст мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштаанд, ки «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани давлатамон минбаъд низ тамоми саъю талошро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем».
Таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат аст, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардидани нақшаи даъват дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат самараи таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Аз ҷараёни даъвати имсолаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маълум мегардад, ки шумораи наваскарони ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваста нисбат ба солҳои гузашта зиёд гардидааст. Ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро пурра менамоянд, то мардуми тоҷик дар амон бошанд.
Артиши миллӣ қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзи мамлакатро пурра таъмин намояд. Қудрату тавоноии комили Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо борҳо собит гардидааст.
Хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ нишон дода, сарзамин ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, сулҳу субот ва сохти конститутсионии давлатро пойдору устувор нигоҳ доштаанд.
Ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду мавсим даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳоло даъвати тирамоҳӣ идома дошта, ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ мераванд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, мактаби бузурги мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Дар баробари ин, бо изҳори боварӣ метавон гуфт, ки наваскарон хизмати Ватанро содиқонаву сарбаландона ба ҷо оварда, хоки онро бо матонату шуҷоати бепоён ҳифз менамоянд
Ҳифзи марзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҷавонони бонангу номус ва сарбаланд хизмат ба халқу Ватанро шарафи мардонагӣ медонанд ва аз он ифтихор доранд.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои такмили сохторҳои Артиши миллӣ ҳамасола тадбирҳои муҳим меандешад.
Ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон ба қадри кофӣ боло рафтааст. Имрӯз ҷавонони мо хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майдони мардонагӣ меҳисобанд.
Ҷавонони бонангу номус хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ мебошад. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби ҳаётро паси сар мекунад. Хизмати ҳарбӣ нишони равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,
Шаҳриёр БАДАЛОВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — МУҲОФИЗИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МАРДУМ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон






