АСЪОРИ МИЛЛӢ – «СОМОНӢ». Аз санаи ба муомилот баровардани он 24 сол сипарӣ гардид

Октябрь 31, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр аз санаи ба муомилот баровардани пули миллӣ – «сомонӣ» 24 сол сипарӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Масъалаи барориши пули миллӣ яке аз ташаббусҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи бонкдории мамлакат мебошад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат пули миллӣ нахуст дар асоси қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 1995 бо номи рубли тоҷикӣ ба муомилот бароварда шуда буд.

Сипас, бо назардошти тағйирёбии муҳити иқтисодию иҷтимоӣ 26 октябри соли 2000 бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии «сомонӣ» ба имзо расид.

Тибқи ин фармон аз 30 октябри соли 2000 «сомонӣ» воҳиди пули Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун воситаи ягонаи пардохт муқаррар гардид.

Дар пулҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми арбобони бузурги гузашта ва муосири халқи тоҷик, ҳамчунин тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон ва ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ ва тангаҳои филизии арзишашон 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирам дар муомилот истифода бурда мешаванд.

Ба муомилот ворид гаштани пули миллӣ дар таъмин ва таҳкими истиқлолияти мамлакат нақши муҳим бозида, дар ташкили низоми пулӣ ва татбиқи воқеии барномаи ислоҳоти иқтисодӣ замина гузошт.

Имрӯз пули «сомонӣ» ҳамчун яке аз рамзҳои муҳим ва асосии давлатдории тоҷикон дар рушди муътадили тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи боэътимоди молиявӣ хизмат мекунад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст