Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бо амри дил азми хизмат ба Ватани соҳибистиқлол намуданд

Октябрь 3, 2024 19:20

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 нафар ҷавонписарон аз ноҳияи Мастчоҳ барои адои хизмати ҳарбӣ ботантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ба ин муносибат 2 октябр дар шаҳраки Бӯстон ҳамоиши тантанавӣ  баргузор шуд.

Раиси ноҳия ба падару модарони наваскароне, ки бо амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Иброз гардид, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандӯстӣ — муҳофизати марзу буми Ватанро дарк менамоянд.

Таъкид гардид, ки мо бояд ҳамеша барои иҷрои вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо тамоми ҳастӣ омода бошем.

Даъватшаванда Илмҳомҷон Ҳусейнзода, собиқадори меҳнат ва имомхатиби масҷиди ҷомеа сухан намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро вазифаи муқаддас донистанд. Ҳамзамон ҷавононро даъват намуданд, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваста, дар ин мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ сарбаландонаву садоқатмандона қарзи шаҳрвандиро адо намоянд.

Дар фарҷом ба 70 наваскаре, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия даври омӯзишии ронандагиро омӯхтанд,  шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия  маъракаи гусели наваскаронро хотирмон гардонид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Октябрь 3, 2024 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд