Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бо амри дил азми хизмат ба Ватани соҳибистиқлол намуданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 нафар ҷавонписарон аз ноҳияи Мастчоҳ барои адои хизмати ҳарбӣ ботантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ба ин муносибат 2 октябр дар шаҳраки Бӯстон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳия ба падару модарони наваскароне, ки бо амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Иброз гардид, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандӯстӣ — муҳофизати марзу буми Ватанро дарк менамоянд.
Таъкид гардид, ки мо бояд ҳамеша барои иҷрои вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ бо тамоми ҳастӣ омода бошем.
Даъватшаванда Илмҳомҷон Ҳусейнзода, собиқадори меҳнат ва имомхатиби масҷиди ҷомеа сухан намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро вазифаи муқаддас донистанд. Ҳамзамон ҷавононро даъват намуданд, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваста, дар ин мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ сарбаландонаву садоқатмандона қарзи шаҳрвандиро адо намоянд.
Дар фарҷом ба 70 наваскаре, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия даври омӯзишии ронандагиро омӯхтанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия маъракаи гусели наваскаронро хотирмон гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ













Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






