Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
РӮДАКӢ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Адолати Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Бунгоҳи тиббии замонавӣ, дар шаҳраки Сомониёни маркази ноҳия бинои баландошёнаи истиқоматӣ, дар кӯчаи И. Сомонии шаҳраки Сомониён гулгашти зебову назаррабои «30-солагии Конститутсия» бо рамзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ 6 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №166 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бунгоҳи тиббӣ бо саҳми сокинони маҳал бунёд гардида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо таҷҳизоти тиббии муосир ва мизу курсӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он сокинони 190 хоҷагӣ аз хизматрасонии тиббии ин муассиса бархурдор мешаванд.
Гулгашти «30-солагии Конститутсия» бо рамзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлуи роҳи мошингард воқеъ гардида, бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Он бо кошинкорӣ ва гулу дарахтони ороишӣ симои ба худ хос гирифтааст.
Гулгашт бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва харҷи маблағҳои фонди захиравии ноҳия бунёд ёфта, барои сайругашт ва фароғати сокинону меҳмонони ноҳия хеле макони мусоид аст.
Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №166 дорои 6 синфхона буда, барои 300 ҷойи нишаст мебошад. Зимни ифтитоҳи бинои иловагӣ меҳмонон бо омӯзгорон ва аҳли ҷамоати деҳаи Болошаҳр суҳбат ороста, ба онҳо барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ва амалисозии ташаббусҳои нек бобати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ карданд. Ҳамчунин меҳмонон дар муассисаи таълимӣ бо синфхонаҳои иловагӣ, таҷҳизот, раванди таълиму тарбия ва шароити илмомӯзии хонандагон аз наздик шинос шуданд.
Иқдому ташаббусҳои неки соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди рамзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимию томактабӣ ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ қобили таҳсину офарин мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






