Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода оид ба қадру манзалати омӯзгор, нақши таърихии забони тоҷикӣ ва покиза нигоҳ доштани он иброз намуд, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мо ин аст, ки забони модариамон- забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз донем, дӯст дорем ва эҳтирому эҳтиёт намоем.
Иброз гардид, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф бештар аст ва ҳамасола барои баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа тамоми имконият истифода мешавад. Ҳадаф аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода гардад.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор як зумра омӯзгорони донишгоҳ бо Сипоснома қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ









Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






