Байни Тоҷикистон ва Қатар ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар доираи Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузориро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду мамлакат пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва пайгирии супоришҳои Ҳукумати мамлакат барои татбиқи 14 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ ва 3 лоиҳаи афзалиятноки хайриявӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват ба амал оварда шуд.
Вобаста ба ин ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, содироти молу маҳсулот ва дигар соҳаҳо ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






