Байни Тоҷикистон ва Гана масоили ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид

Октябрь 19, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 19.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода бо ҳайати Ҷумҳурии Гана таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ион Кваку Амиратвум Сарпонг доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо тасмим гирифтанд  Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Ганаро доир намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш табодули афкор намуданд.

Аз ҷониби ҳайати Гана ба фаъолияти волонтёрӣ ва сиёсати давлатии кор бо ҷавонони Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои мубодилаи таҷрибаи давлати мо дар ин самт дар кишвари худ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон бобати рушди ҳамкории дуҷониба дар оянда баргузории Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Гана ба нақша гирифта шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 19, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд