Байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид

Октябрь 30, 2024 14:08

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия бо иштироки вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи форум вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва роҳбари Корпоратсияи миллии корхонаҳои хурди Ҷумҳурии Ҳиндустон Субхрансу Секхар Ачария баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатии корхонаҳои нассоҷӣ, аз ҷумла ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (кластери нассоҷӣ) бо ҷалби сармоя ва мутахассисони баландпоя аз Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо доир ба имкони таъсиси паркҳои технологӣ ва парки муштараки саноатии «Тоҷикистон-Ҳиндустон» дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин марказҳои илмии табодули донишу таҷриба байни ду давлат изҳори назар карданд.

Ҳамчунин байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҷумҳурии Ҳиндустон (NSIC) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид.

Ҳадаф аз имзои ин санад мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна байни ду давлат мебошад.

АКС: Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 30, 2024 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод