«Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид

Октябрь 1, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни пешниҳоди гузориш дар бораи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» иброз дошт, ки мақсад ва вазифаҳои асосии барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойҳои нави кор, вусъати иқтисоди «сабз», ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.

Бояд гуфт, ки рушди ситруспарварӣ яке аз манбаъҳои даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат дониста шуда, бо амалӣ гардидани ин барнома нархи меваи ситрусӣ дар бозорҳои истеъмолӣ паст мегардад. Он ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

Тавре профессор Саидалӣ Гулов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, «мо бояд аз захираҳои беҳамто, иқлим, хоку об ва неруи пуриқтидори истеҳсолии мамлакатамон ба таври зарурӣ истифода барем. Дар истеҳсолоти кишоварзии имрӯза яке аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ- ин ситруспарварӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, бояд шароити истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулот дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо назардошти имконоти моддию маънавӣ ва хоҷагидорӣ муайян карда шавад. Зарур аст, ки дар шароити ҳозира даромад аз ҳаҷми маҳсулоти умумиро аз ҳар гектар баланд бардошта, роҳи рушди истеҳсолоти кишоварзиро таъмин намоем. Дар ин самт метавон ба афзун гардонидани меваҳои ситрусӣ такя кард. Барои амалӣ гаштани ин корҳо дар ҷумҳурӣ имконоту шароити зарурӣ мавҷуд аст».

Ба андешаи мутахассиси соҳа, боғдорӣ шуғли асосии тоҷикон ба шумор меравад. Идомаи корҳои боғдории ниёгони хешро ҳоло дар парвариши растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ рӯёнидани онҳо мебинем, ки солҳои 30-юми асри гузашта олимони Тоҷикистон ба он асос гузошта буданд. Баъдан ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Растаниҳои ситрусӣ бештар дар вилояти Хатлон парвариш шуда, пойгоҳи асосии истеҳсоли меваҳои ситрусӣ водии Вахш ба ҳисоб меравад. Мушкилоти асосӣ барои рушди соҳа ин аст, ки парвариши ин навъҳо нигоҳубин ва таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд. Растаниҳои ситрусӣ рӯшноидӯст ва гармидӯст буда, ба хунукӣ тобовар нестанд.

Саидалӣ Гулов иброз намуд, ки Тоҷикистон ватани меваҳои субтропикӣ аст. Бояд кишоварзон аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намуда, ба боло бурдани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулот мусоидат намоянд. Меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифат дар ҷаҳон ҳамто надоранд.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин таъкид намуд, ки «водии Вахш, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Ҳисор, вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои амалӣ намудани ин корҳои муҳим хеле мувофиқ мебошанд. Дар водии Вахш ҳазорҳо гектар замини талу теппаро метавон барои зиёд кардани истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (хурмо, анор, бодом, анҷир) истифода бурд, ки дар байни онҳо ҷойи намоёнро ситруспарварӣ ишғол менамояд. Ба чунин минтақаҳо водиҳои Данғараю Ёвонро низ дохил намудан зарур аст».

Тавре қаблан иттилоъ додем, сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Маъруф Қаюмов дар замини наздиҳавлигиаш дарахти банан парвариш намуд, ки дар айни замон ҳосили сеюми онро ҷамъоварӣ мекунад.

Дарахти банан дар гармхона парвариш мешавад. Дар сардиҳои зимистон ҳарорати гармхона рӯзона 28 дараҷа ва шабона 18 дараҷа гарм нигоҳ дошта мешавад. Дарахти банан дар як сол 3-4 маротиба ҳосил медиҳад. Дар гармхона ду навъи банан- ҳаҷман калон ва хурд парвариш мешаванд, ки ҳар дарахт то 200 дона банан ҳосил медиҳад. Иқлими ноҳияи мо барои парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ аст», — гуфт Маъруф Қаюмов.

Мудири шуъбаи зироаткории ситрусӣ-субтропикии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи миллии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хайриддин Аминов иброз намуд, ки аз ҷониби олимони кишоварзи тоҷик ду сол аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон меваи мандарин павариш мешавад, ки ҳосили хуб медиҳад.

«Дарахти мандарин бо роҳи пайванд, яъне аз навдаи дарахти лимӯ зиёд карда мешавад. Ин навъи мева бо роҳи тухмӣ низ парвариш карда мешавад, аммо ҳосили хуб намедиҳад. Дарахтони мандаринро дар гармхона ва хандакҳо парвариш намудан мумкин аст. Ин навъи мева гармидӯст буда, ба хунукӣ тобовар нест. Ҳосили ин меваи ситрусӣ моҳҳои ноябр ва декабр ҷамъоварӣ мегардад. Ин дарахтон соле як маротиба ҳосил медиҳанд», — гуфт Хайриддин Аминов.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 1, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид