«БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ». Таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони пойтахт озмун оғоз гардид

Октябрь 31, 2024 13:08

ДУШАНБЕ, 31.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» оғоз гардид. Озмун таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини назму тартибот ва волоияти қонун, густариши тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳангии насли наврасу ҷавон бори нахуст баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъкид гардид, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор карда мешавад.

Тибқи муқаррароти Низомномаи озмун, санҷиши саводнокии конститутсионии довталабон ба тариқи шифоҳӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ғолибоне, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, дар арафаи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

 

Октябрь 31, 2024 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид