Дар Ал-Кувайт масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм «Марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо сардори бахши сиёсат ва ҳамоҳангсози Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) Муҳаммад Рафиуддин Шоҳ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои раванди тадорукотии Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм «Марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе»-ро, ки баргузории он 4-5 ноябри соли 2024 дар Давлати Кувайт ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






