Дар Берлин мулоқоти муовини Сарвазири Тоҷикистон бо директори минтақавии Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо Директори минтақавии Дафтари Созмони иҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге вохӯрӣ намуд.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқот дар доираи баргузории ҷаласаи сатҳи баланд оид ба муаррифии даври сармоягузории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир шуд.
Иброз гардид, ки дар минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то саломатии аҳолӣ таъмин бошад. Намунаи таҷрибаи пешқадам дар ин самт, ҳуҷҷати ниҳоии ҷаласаи 5-уми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, «Харитаи роҳ»-ро оид ба дастгирии саломатӣ ва некӯаҳволии кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ кардааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки самтҳои кунунии рушди соҳаи тандурустӣ дар мамлакат — масъалаҳои марбут ба таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ислоҳоти маблағгузории бахш бо таваҷҷуҳ ба фарогирии умумии тиббӣ, рақамикунонӣ, дастрасӣ ба доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, инчунин масъалаҳои тавонбахшии маъюбон ва истифодаи технологияҳои ёрирасон барои баланд бардоштани сифати зиндагии онҳо ба шумор мераванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






