Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Октябрь 26, 2024 11:27

ДУШАНБЕ, 26.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 1020-солагии мутафаккири бузург Носири Хусрав ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Муаммоҳои омӯзиши осори Носири Хусрав ва саҳми ӯ дар таърихи тамаддуни тоҷикон» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Дар конференсия олимон ва адибон оид ба эҷодиёти Носири Хусрав сухан гуфтанд.  Иброз гардид, ки ғояи осору таълифоти адибро омӯзиши илму адаб, тарғиби хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, фарқ кардани дӯст аз душман, дар дӯстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некӯхоҳ ва роҳатрасон будан, тамаъ ва хорӣ накардан дар бар гирифтааст.

Ба аҳли конференсия беш аз 100 мақолаи илмӣ-назариявии муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки дар онҳо масъалаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар шакли мавод рӯйи нашр омадаанд, дастрас гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Октябрь 26, 2024 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид