Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ (5 октябр) таҳти унвони «Забон-рукни асосии ҳастии миллат ва давлат» конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳадафи баргузории конференсия ҳифз ва арҷгузории забони давлатӣ арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки имсол таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба тасдиқу амалишавии 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҷлили 33-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки «дар шароити пуртазоди печидаи ҷоҳони имрӯза офтоби бахти миллате тобон аст, ки истиқлоли комил дошта, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад. Шукрона бояд кард, ки чунин бахту иқболи баланд баъди солиёни зиёд ба тоҷикон бори дигар насиб гардида, аз файзу баракати он давлат сиёсати худро дар қатори дигар кишварҳои олам мустақилона амалӣ менамояд».
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои дурахши дубораи забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё намуд.
Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботу давлати миллӣ мақому нақши муҳим дошта, забони миллату ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.
Дар ҳамоиш намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳаи забоншиносӣ маъруза намуданд. Ҳамзамон дар ҳамоиш даъват гардид, ки барои рушди забони тоҷикӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзу нигаҳдошти он бетараф набошанд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






