Дар Душанбе байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ – маблағгузории иловагӣ» созишномаи грантӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд хонум Шенни Кемпбал ба имзо расониданд.
Маблағи иловагӣ барои ин лоиҳа 15 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд амалӣ мешавад.
Маблағҳои иловагии ҷалбшаванда ба маблағгузории ҷузъҳои иловагӣ, аз ҷумла сохтмони 22 километр хатҳои нави интиқоли барқи 500-киловолта байни зеристгоҳҳои «Сирдарёи Нав»-и Ҷумҳурии Узбекистон ва «Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони ду хати нави 500-киловолта дар ҳарду зеристгоҳ ва баланд бардоштани иқтидори кормандони техникӣ, бахусус донишҷӯдухтарони коллеҷҳои техникии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






