Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Гана баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Душанбе даври нахустини машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана дар сатҳи муовинони вазир баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои тақвияти ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Дар анҷом «Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана» ба имзо расид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






