ДАР ХАТЛОН НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ИҶРО ГАРДИД. Дар 11 шаҳру ноҳияи вилоят наваскаронро ба хизмати Ватан гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /«Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нақшаро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сокинон ва падару модарони наваскароне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, ҳамоиш доир гардид. Зимни он ба 30 ҷавон шаҳодатномаи кафшергари барқӣ ва ба 100 нафар шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар ноҳияи Фархор низ, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон пурра иҷро гардид, ба ин муносибат ҳамоиши идона баргузор шуд. Иброз гардид, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи мамлакат мебошад.
Дар ин рӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Наваскарони ноҳия, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, бо боварӣ изҳор доштанд, ки Ватанро содиқона ҳифз намуда, сарбаландона ба назди падару модарон бармегарданд.
Имрӯз дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон низ нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид. Ин нишони дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода аз ноҳияи Муъминобод иттилоъ дод, дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи даъвати ҷавонон 102 фоиз иҷро гардид.
Ба иттилои комиссари ҳарбии ноҳияи Муъминобод Манучеҳр Тошев, дар ин рӯз 136 ҷавон бо ариза барои ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтан ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд, ки далели шуҷоат ва ватандӯстии онҳо мебошад.
Имрӯз, 1 октябр шаҳри Нораки вилояти Хатлон руҳияи идона дошт. Дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Норак нақшаи даъват 101% иҷро гардида, ҷавонони ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан раҳсипорро ба Артиши миллӣ гусел намуданд.
Имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар шаҳри Левакант пурра- 100 фоиз иҷро шуд. Ин нишони он аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад.
Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар натиҷаи содиқонаю самимона дӯст доштани Ватан ва ба таври ихтиёрӣ азми хизмати ҳарбӣ намудани ҷавонони меҳанпараст нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 110% иҷро гардид.
Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввал сад фоиз иҷро шуд. Ин рӯйдод дар таърихи ноҳия дар 15 соли охир бори аввал аст.
Имрӯз, 1 октябри соли 2024 зимни ҳамоиши тантанавӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал мужда дода шуд. Бояд гуфт, ки имрӯз аксари ҷавонони тоҷик ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.
Дар рӯзи аввали ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ нақшаи даъвати тирамоҳӣ 102% иҷро гардид. Ҷавонони ватандӯсти ноҳия, ки ба таври ихтиёрӣ азми хизмати Ватан намудаанд, бо сари баланд ва дили шод ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор