Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба ҳозирин расонид.
«Ҳамаи шуморо ба ифтихори 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Бо сарфарозию қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии мамлакат, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҳамчун сипари боэътимод хизмат менамоянд», – иқтибос оварда шуд аз паёми табрикотии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баён гардид, ки давоми 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршараф ва пурмасъулиятро тай намуда, аз як сохтори навбунёд ба неруи боэътимоди давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Артиши миллӣ сипари устувори истиқлолият, кафили амнияти мамлакат ва ифодаи иродаи қавии миллати тоҷик мебошад. Бо такя ба таҷрибаи таърихӣ, сиёсати дурандешона ва фидокории сарбозону афсарони далер метавон бо итминон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ рисолати муқаддаси худ – ҳифзи Ватан, миллат ва сулҳу суботи ҷомеаро бо сарбаландӣ иҷро хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки таърих ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бе нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ то имрӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Сиёсати дурандешона, таваҷҷуҳи доимӣ ба вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити зисту хизмат ва баланд бардоштани мақоми афсар дар ҷомеа аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки яке аз нақшҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон саҳмгузории онҳо дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар давраи душвор ва ҳассос Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди низомӣ, балки кафили амнияти равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Таъмини амнияти музокироти сулҳ, ҳифзи суботи ҷомеа ва пешгирии бесарусомониҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ дар он давра ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳи пойдор танҳо дар шароити мавҷудияти давлати қавӣ ва артиши боэътимод имконпазир аст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори мукаммал буда, машқҳои мунтазами ҳарбӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ сатҳи омодабошии ҷангии артишро ба маротиб боло бурдаанд.
Тазаккур дода шуд, ки қудрати воқеии ҳар артиш ба руҳия ва ҷаҳонбинии хизматчиёни он вобаста аст. Дар Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти махсус дода мешавад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби ҷасорат, интизом, масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Имрӯз Артиши миллӣ дар зеҳни ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун рамзи амният, субот ва эътимод ҷойгоҳи устувор дорад. Эҳтироми мардум нисбат ба афсарон ва сарбозон нишонаи он аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ рисолати худро бошарафона иҷро менамояд. Таҷлили ин сана ҳар шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки арзиши сулҳ, истиқлолият ва амнияти давлатиро амиқтар дарк намояд.
Дар ҷараёни ҳамоиши тантанавӣ барои болидаруҳии сарбозону аскарон бо иштироки ҳунармандони мамлакат барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»






































ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






