Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

Февраль 23, 2026 19:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои  ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву суботи давлат ва амнияти шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ ва содиқона адои вазифа менамоянд. Чунин баён гардид 23 феврал зимни ҳамоиш дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 33-солагии  таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.

Иброз шуд, ки корнамоию ҷоннисории хизматчиёни баору нанги Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имрӯз сазовори боварию эътимоди роҳбарияти олии мамлакат гардидааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид иброз медоранд, ки «ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар мамлакат саҳми воқеан таърихӣ гузошт».

Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки набудани одитарин техникаю таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд.

Имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои  Мусаллаҳи  мамлакат ба ниҳоди  муқтадир табдил ёфтаанд, ки дар ҳимояи марзу бум ва амнияту суботи ҷомеа ҳамеша устуворанд. Барои адои хизмат дар Артиши миллӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Боиси   қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок, ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ сарбаландона адои хизмат карда, дар таҳкими сулҳу оромии мамлакат ва якпорчагии марзу буми он ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Дар охир як зумра кормандони фаъоли милитсияи пойтахт барои хизмати софдилона ва натиҷаҳои назаррас бо рутбаҳои навбатӣ, медалҳои соҳавӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Февраль 23, 2026 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид