Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид

Октябрь 3, 2024 17:33

ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон ду ҷашни саропо ҳастиву маъниро ҷашн мегиранд. Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгорон рӯзҳое мебошанд, ки ба хотири заминаи боэътимод гузоштанашон дар тақвияти ҳувияти миллӣ ва ояндаи давлату давлатдории тоҷикон нақши босазо доранд. Аз ин рӯ ҳамасола ин рӯзҳоро дар қатори дигар санаҳои муҳими таърихӣ ҷашн мегиранд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки «забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Давлату миллат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон, давлат ва миллат дар паноҳи якдигаранд».

Забони давлатӣ дар пойдорӣ ва сулҳу суботи миллӣ мақому нақши муҳим дошта, ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.

Барномаи фарҳангии иборат аз сурудҳои ватандӯстона аз ҷониби дастаи фарҳанги муассисаи таълимӣ пешкаши тамошобинон гардид.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 3, 2024 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад