Дар мавзеъҳои хатарноки шаҳри Душанбе корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ гузаронида шуд

Октябрь 16, 2024 13:23

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар мавзеи Харангони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ ва иқдоми «Тозагӣ» гузаронид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Зиёда аз 100 метр соҳили дарё мустаҳкам гардида, 2 км соҳили дарё ва 2 км канори роҳ аз партобҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ тоза карда шуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ, пешгирӣ намудан аз офатҳои табиие, ки дар ин мавзеъҳо тез — тез рух доданашон эҳтимол дорад, мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таъмини соҳилмустаҳкамкунӣ соли равон аз ҳисоби фонди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои моддии давлатӣ 19 миллиону 434 ҳазору 558 сомонӣ ҷудо гардид.

Дар шаҳри Душанбе 8 машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби 1072 нафар аҳолӣ ва 43 адад техника ташкил ва гузаронида шуд, ки дар рафти онҳо корҳои фоиданок дар мавзеъҳои хавфноки табиӣ амалӣ шуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2024 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд