Дар Москва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад

Октябрь 7, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 октябр дар шаҳри Москва баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Сарони давлатҳо дар бораи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар карда, оид ба раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 тасмим мегиранд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки Муроҷиатнома ба мардуми мамлакатҳои иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 муҳокима ва фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои таҳкими ҳамкории ҳамгироишаванда ва дигар масъалаҳои рӯзнома баррасӣ шаванд.

Сарони давлатҳо дар бораи эълони пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои се соли оянда қарор ба имзо расонида, ба якчанд санади марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳамчунин соҳаи таъмини амният тағйироту иловаҳо дохил мекунанд.

Интизор меравад, ки дар нишаст ҳамчунин якчанд изҳороти сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 7, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад