Дар ноҳияи Хуросон хоҷагии зотпарварии «Саодат» фаъолияти назаррас дорад

Октябрь 27, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат» фаъолият мекунад, ки ҳадафи он бо гӯшту шир таъмин намудани сокинони ноҳия мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон иттилоъ доданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат»  говҳои зотии «Сементал» ва «Голштейн» парвариш карда мешаванд. Барои рушд додани соҳаи чорвопарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ аз Беларус боз зиёда аз 30 сар гови зотии «Голштейн» дастрас карда шуд.

Ба иттилои масъулини хоҷагии зотпарварӣ, ин намуди говҳо дар як шабонарӯз то 30 литр шир медиҳанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди хоҷагии зотпарварии «Саодат»  аз соли 2013 инҷониб фаъолият мекунад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон

Октябрь 27, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад