Дар Рӯшон майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Октябрь 12, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зумра иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои дурдасти Бағу ва Емсии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон  майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, 11 октябр роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Саридораи ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Рӯшон дар маросими  ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдасти Бағу ва Емсии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳия, ки аз ҷониби соҳибкорони ҷавону ватандӯст бунёд гардидаанд,  иштирок намуданд.

Дар   майдончаи варзишӣ дар  масоҳати 800 (20х40) метри мураббаъ ҷой барои бозии   футбол ва волейбол сохта шудааст. Ҳамзамон барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба сокинони деҳаи Бағу дар шафати майдончаи варзишӣ як Бунгоҳи тиббии бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз  бунёд гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 27 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муввақатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Инчунин дар деҳоти Емсии Ҷамоати деҳоти Рӯшон  аз ҷониби  соҳибкорони ҷавони маҳал як Бунгоҳи тиббии муосир барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ бунёд гардидааст, ки мавриди  истифода  қарор гирифт.

Сохтмони майдончаи варзишӣ дар чунин деҳаи дурдаст имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон  ба обу тоби бадан ва тақвият додани истеъдоди варзишии худ машғул шуда, вақти хешро самаранок истифода баранд.

Гирду атрофи майдонча бо баландии 6 метр панҷарабандӣ карда шуда, бо чароғҳои равшанидиҳанда таъмин мебошад, ки барои  дар  қисмати бегоҳӣ ва шабона  баргузор намудани  бозии футбол шароит муҳайё мебошад.

Бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар чунин деҳаҳои дурдаст  кори ниҳоят муҳим  мебошад, зеро  дар мавсими  сармо масофаи роҳ мушкилгузару душвор гардида,  барои    то маркази ноҳия барои табобат   рафтан вақти зиёд  сарф мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот  ба варзишгарону ҷавонони фаъол «Сипоснома»- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва   туҳфаҳои хотиравию лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.

 

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд