Дар шаҳри Ашқобод машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд

Октябрь 25, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқобод машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон вобаста ба мавзуъҳои банақшагирии сиёсати хориҷӣ, фаъолияти консулӣ ва масъалаҳои кадрӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба масоили фаъолияти таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ, такмили ихтисос ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи хидмати дипломатӣ, инчунин робитаҳои консулӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои хориҷӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 25, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид