Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид

Октябрь 5, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 29 сентябр то 5 октябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, корро ҷиҳати тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Октябрь 5, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд