Дар Тоҷикистон вохӯрии байналмилалии донорҳо ба хотири таъсиси Маркази байналмилалии омӯзишӣ оид ба муқовимат бо терроризм доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Душанбе бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ҷараёни он лоиҳаҳо барои таъсиси Маркази байналмилалии омӯзишӣ оид ба муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ муаррифӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷамъомад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода аҳамияти ҳамкории илмӣ ва техникиро дар ҳалли масъалаҳои амнияти марбут ба таҳдидҳои терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон иқдом гирифтааст дар тақвияти амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо таъсиси ин маркази пешрафтаи омӯзишӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар ҳамоиш зиёда аз 30 лоиҳа муаррифӣ гардид, ки гуногунии ҷанбаҳои маводи химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроиро дар бар мегиранд. Ин лоиҳаҳо ба соҳаҳои афзоиши иқтидор, рушди инфрасохтор, инноватсияҳои технологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ равона шудаанд. Интизор меравад, ки лоиҳаҳои пешниҳодшуда қобилияти минтақаро барои пешгирии паҳншавии маводи химиявӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ ва вокуниши самаранок ба таҳдидҳои марбут ба терроризм ба таври назаррас такмил бахшанд. Чорабинӣ барои муҳокимаи имконияти шарикӣ ва дастгирии кишварҳои донор ва ташкилоти байналмилалӣ замина фароҳам овард.
Аз номи шарикони байналмилалӣ намояндаи Идораи мухобироти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дастгирии доимии худро аз кӯшишҳои Тоҷикистон изҳор намуда, маркази пешниҳодшударо «усули муҳим барои тақвияти амнияти ҷаҳонӣ» номид.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






