Дар Вашингтон масъалаи дастгирии оғози барномаи молиявии иловагӣ барои Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 28, 2024 10:36

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтони ИМА мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (MCD) дар Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, ки аз 21 то 26 октябр доир гардид, баргузор шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои татбиқи барномаи нави ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ (PCI) ва дастгирӣ бобати оғози барномаи молиявии иловагӣ барои Тоҷикистон (RCF) мубодилаи афкори судманд намуданд.

АКС:Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2024 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад